Ширкатҳои Маскав содироти маҳсулотро ба Тоҷиткистон беш аз чор баробар афзоиш доданд

Маркази содиротии Маскав содиркунандагони маҳсулотипойтахти Русияро фаъолона дастгирӣ мекунад ва ба онҳо дар рушди бозорҳои ояндадор кумак мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Ширкатҳои шаҳри Маскав ҳамкориро бо шарикон дар Тоҷикистон тақвият додаанд.
Дар ин бора сомонаи расмии шаҳрдори Маскав хабар додааст.
"Дар охири семоҳаи сеюми соли 2025 содироти маҳсулоти Маскав ба Тоҷикистон, ки аз ҷониби Маркази содиротии Маскав дастгирӣ шудааст, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,1 баробар афзоиш ёфтааст. Мо барои рушди минбаъдаи он иқтидори назаррасро мебинем ва амалисозии онро фаъолона идома хоҳем дод", — гуфт мудири кулли Маркази экспорти Маскав.
Дар нӯҳ моҳи соли 2025 ҳаҷми содироти ширкатҳои Маскав ба Тоҷикистон, ки аз ҷониби Маркази содиротии Маскав дастгирӣ мешавад, ба 402,8 миллион рубл расидааст. Бештар аз Маскав ба Тоҷикистон маҳсулоти ғизоӣ(270,9 млн. рубл) содирот шудааст.
Ширкатҳои Маскав бо дастгирии Маркази байналмилалии иқтисодӣ ба Тоҷикистон хидматрасонии технологияҳои иттилоотӣ, маҳсулоти ғизоӣ ва дигар молҳои мавриди ниёзро пешкаш мекунанд.
Дар Маскав ҷаласаи 21-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия доир шуд.
Ба иттилои манбаъ, ахиран дар намоишгоҳи Gulfood 2024, як истеҳсолкунандаи нӯшокиҳои алкоҳоли Маскав имсол ба маблағи 178,3 миллион рубл шартномаи содиротӣ имзо кард.
Як ширкати IT-и шаҳри Маскав, ки дар барномаи суръатбахшии "Экспортеры 2.0", ки, ширкат дошт панҷ қарордод барои содироти барнома барои ошкор кардани асардуздии матн ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 1,5 миллион рубл ба имзо расонд.
Маркази содиротии Маскав соли 2017 аз ҷониби ҳукумати Маскав бо ҳадафи кумаки молӣ ва ғайримолӣ ба соҳибкорони пойтахти Русия барои пешбурди молу хидматрасонии Маскав дар бозорҳои хориҷӣ таъсис шудааст.