ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикиро аз ҷумлаи муқаддасот ва рукнҳои асосии давлатдории миллии тоҷикон ва гаронбаҳотарин ёдгори аҷдоди ориёӣ гуфт.
Президент гуфт, забони форсӣ – дарӣ – тоҷикӣ дар тӯли таърих ба фишору таҳдидҳои зиёде рӯ ба рӯ гардидааст, вале абармардони сиёсат ва илму фарҳанг дар тамоми давраҳои таърих барои нигаҳдории он талошу кӯшишҳои зиёд ба харҷ додаанд.
Ӯ аз сиёсати хонадони Сомониён ёдовар шуда гуфт, ки он замон забони дарии тоҷикӣ мавқеи худро дубора устувор кард ва мақоми расмии давлатӣ касб намуд.
"Меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ аз аҳди Сомониён то имрӯз ба тағйироти хеле кам дучор гардидаанд, ки чунин падида бино ба гуфтаи олимон, дар низоми забонҳои дунё камназир аст", - зикр кард раисиҷумҳур.
Президент аз заҳмати олимону донишмандон ва шоирону нависандагони барҷастаи тоҷик чун, устод Рӯдакӣ, ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём ёдовар шуд, ки барои ҳифзи он заҳмати беандоза кашидаанд.
"Ҳарчанд тайи асрҳои тӯлонӣ забони тоҷикӣ ҳамеша забони илму адабу фарҳанг буд, аммо баъди зиёда аз ҳазору сад сол – танҳо дар замони истиқлол – бори дигар ба ҳайси забони расмии давлатӣ соҳиби мақому манзалати аслии худ гардид", - таъкид кардааст президент.
Ҳифзи забон ва сохтани он вазифаи муҳим
Ҳоло дар кишвар муқаррароти Қонун "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" муваффақона, зина ба зина ва бомаром амалӣ шуда истодаанд.
Президент ҳифз ва таъмини рушди забони тоҷикӣ бо дарназардошти ҳамқадами навовариҳои илмӣ ва техникиву технологии ҷаҳон сохтани онро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим хонд.
Ӯ гуфт, вазифаи олимону донишмандон дар чунин шароит аз он иборат аст, ки бо истифода аз тавоноиву имкониятҳои забон калимаву истилоҳоти нави мутобиқ ба мантиқу мазмуни соҳаҳои гуногунро сохта, ба истифода диҳанд, то дар ҳамаи қаламрави забони тоҷикӣ корбурди онҳо ҳамгуну ҳамсон бошад.
"Агар аз ҳозир дар фикри ба забони давлатӣ мувофиқ кардани забони инноватсия ва технологияҳо набошем, на танҳо санъати сухан ва маданияти гуфтори мо, балки фасоҳату равонӣ, покиву зебоии забони модарӣ ва риояи меъёрҳои забони адабӣ таҳти таъсири манфӣ қарор хоҳад гирифт", - таъкид кард президент.
Раисиҷумҳур гуфт, ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки забони мо мисли миллати мо яке аз куҳантарин забонҳои дунё буда, таърих ва мероси фарҳангии мардуми бостониамон, аз ҷумла Наврӯзро бо гузаштаи беш аз шашҳазорсолаи он дар худ инъикос кардааст ва то замони мо расонидааст.
"Забон гавҳари бебаҳо, мояи ифтихор ва олитарин муқаддасоти миллии мост, ки аз гузаштагон мерос мондааст ва мо бояд онро барои наслҳои оянда дар шакли суфтаву такмилёфта ва поку бегазанд ба мерос гузорем", - хулоса кард президент дар номаи табрикотии худ.