ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии "Тоҷикистон 2025" баргузор мешавад, хабар медиҳад Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ.
Чорабинӣ аз 13 то 15 ноябр дар "Экспосентр" - и муосир баргузор мешавад.
Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ҳамчун платформаи вохӯриҳои корӣ, мубодилаи афкор ва барқарор кардани робитаҳои нав хизмат мекунад.
Қайд карда мешавад, ки Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ба майдони вохӯриҳои корӣ, табодули афкор ва барқарории робитаҳои нав табдил хоҳад ёфт.
Ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, дар ин чорабинӣ соҳибкорон, сармоягузорон ва ширкатҳои инноватсионии кишварҳои гуногун ширкат хоҳанд кард.
Созмондиҳандагон умедворанд, ки Тоҷикистон 2025 барои дарёфти шарикон ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам меорад.