Чандин ҷангро паси сар кард: қалъаи Ҳалаби Сурия дарҳои худро дубора боз намуд - акс

Қалъаи бостонии Ҳалаби Сурия пас аз корҳои барқарорсозӣ дубора дарҳояшро боз кард. Дар замони даргириҳои низомии ин ин ёдгории ЮНЕСКО хисороти зиёде дид
Sputnik
1 / 9

Сайёҳон дар назди қалъаи бостонии Ҳалаби Сурия.

2 / 9

Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пас аз корҳои барқарорсозӣ, ки дар ҷараёни ҷанги шаҳрвандии Сурия ва заминларзаи феврали соли 2023 хисороти зиёд бардошт, ба рӯи меҳмонон боз шуд.

3 / 9

Сайёҳ қалъаи бостонии Ҳалабро пас аз бозшавӣ акс мегирад.

4 / 9

Қалъаи Ҳалаб ба мисли тамоми шаҳри қадимӣ дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия баста шуда буд.

5 / 9

Соли 2014 ин ёдгории бостонӣ бар асари тирпарронӣ ва сӯхтор осеб дида, қисми таърихии он хисороти зиёд бардошт.

6 / 9

Барқарорсозии мероси таърихӣ, аз ҷумла қалъа, пас аз анҷоми ҷанг оғоз шуд.

7 / 9

Ҳоло қалъа ба рӯи меҳмонон ва сайёҳон боз аст.

8 / 9

Қалъаи Ҳалаб дар соли 1986 ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ҳамчун як қисми шаҳри қадимаи Ҳалаб ворид шудааст.

9 / 9

Ин ёдгории бостонӣ аз ҷониби сулолаи Ҳамдониён дар замони ҳоким Сайф ад-Давла сохта шудааст, ки дар байни солҳои 944 ва 957 мелодӣ ба бунёди қалъаҳои қадимтарин шурӯъ кардааст.