ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Қазоқистон омода аст, созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи нерӯгоҳи "Роғун"-ро имзо кунад.
Ин масъала зимни мулоқоти вазири энергетикаи Тоҷикистон далер Ҷумъа ва вазири энергетикаи Қазоқистон Ерлан Аккенженов дар ҳошиаи Kazakhstan Energy Week – 2025 дар Остона баррасӣ шудааст.
Мулоқоти Далер Ҷумъа бо вазири эенергетикаи Қазоқистон
© Foto / Хадамоти матбуотии Вазорати энержии ҶТ
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати энергетикаи Тоҷикистон гузориш додааст.
Гуфта мешавад, ки нахуст, Ерлан Аккенженов ба вазири энергетикаи Тоҷикистон барои иштирок дар форум изҳори сипос намуда, таъкид кардааст, ки ин як нишонаи муҳими эътимод ва тасдиқи муносибатҳои бародарона байни ду кишвар мебошад.
Дар ҷараёни гуфтушунидҳо ҷонибҳо доираи васеи ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.
"Ҷониби қазоқистонӣ омодагии худро барои имзои Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба интиқоли неруи барқ аз Неругоҳи барқи обии "Роғун" иброз дошт", - омадааст дар хабарнома.
Ҷонибҳо, ҳамчунин масъалаҳои ҳамоҳангсозии низомҳои энергетикии Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро баррасӣ намудаанд.
Зикр шудааст, ки гуфтушунидҳои мазкур такони ҷиддӣ ба рушду густариши ҳамкориҳои дуҷониба миёни кишварҳо мебахшанд.
Бояд гуфт, ки қаблан ёддошти тафоҳум дар бораи интиқоли нерӯи барқи "Роғун" ба Қазоқистон барои 20 сол имзо шуда буд
Дар баробари ин вазири тоҷик Далер Ҷумъа дар ҳошиаи ин форум, бо мудири кулли Агентии байналмилалӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия (IRENA) Франческо Ла Камера мулоқот кардааст.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самти манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҷалби сармояи хориҷӣ ба лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, офобӣ ва бодӣ, инчунин табодули таҷриба ва технологияҳои муосирро баррасӣ намудаанд.
Далер Ҷумъа гуфтааст, ки Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ мебошад ва истифодаи самараноки онҳо метавонад ба таъмини амнияти энергетикии минтақа, тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва рушди энергетикаи "сабз" мусоидат намояд.
Зикр гаштааст, ки айни замон, Тоҷикистон аз ҳисоби истеҳсоли энергияи "сабз" миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пешсаф мебошад.