ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИИАО аз ҷумла нахуствазири Русия Михаил Мишустин, бастаи шаш санадро тасдиқ карданд.
Ин тасдиқот дар Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё дар Минск сурат гирифт, гузориш медиҳад ТАСС.
Қарорҳои қабулшуда фармон дар бораи "таъсис ва рушди инфрасохтори нақлиётӣ дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар самтҳои Шарқ-Ғарб ва Шимолу Ҷануб", аз ҷумла дар якҷоягӣ бо ташаббуси "Як камарбанд як роҳ"-и Чинро дар бар мегиранд.
Нахуствазирони ИИАО дастур доданд, ки роҳҳои дастгирии ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзиро тақвият бахшанд.
Тавре ки қаблан Михаил Мишустин қайд карда буд, кишварҳои иттиҳод тасмим гирифтанд, субсидияҳоеро, ки аллакай барои лоиҳаҳои саноатии муштарак пешбинӣ шудаанд, тамдид кунанд.
Сарони ҳукуматҳо ҳамчунин тасмим гирифтанд ва дастур доданд, ки "механизми пайгирӣ барои молҳое, ки ба қаламрави гумрукии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ворид мешаванд" роҳандозӣ шавад.
Лоиҳаи таҷрибавии семоҳа дар ин самт, аллакай бомуваффақият анҷом ёфт.