ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва ошноӣ бо вазъи зиндагии мардум бо сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалик рафт.
Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳаи Дӯстӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро, ки аз ҷониби соҳибкорон - бародарон Шамсулло ва Маҳмадзоҳир Соҳибовҳо бунёд шудааст, ифтитоҳ кард.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии кишвардор гузориш додааст.
Гуфта мешавад, ки аслан ин дабистон барои таҳсилоти миёнаи умумӣ пешбинӣ шуда буд, вале бо назардошти сифати хуби сохтмон ва шароити таҳсил, кишвардор дастур додааст, ки он ба Мактаби президентӣ табдил дода шавад.
Раисиҷумҳур ҳамчунин барои қабули хонандагон ва омӯзгорн ба ин мактаб шарт гузоштааст.
"Тибқи супориши дигар ҳамаи омӯзгорону хонандагон бояд тариқи озмун қабул карда шаванд", - дастур додааст президент.
Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки дар назди Мактаби президентӣ барои 400 хонанда хобгоҳ ва барои 200 кӯдак муассисаи таҳсилоти томактабӣ низ сохта шавад.
© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана
Мактаб барои таҳсили 700 хонанда пешбинӣ гардидааст.
Бинои таълимӣ аз 3 ошёна иборат буда, 27 синфхонаи муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои корӣ, толори фарҳанг бо 240 ҷойи нишаст, китобхонаи анъанавӣ ва электронии ба хати интернети баландсуръат пайваст, толору майдонча барои бозиҳои волейболу баскетбол, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон дорад.
Китобхона дорои адабиёти зиёди таълимию бадеӣ буда, аз он омӯзгорон ва ҳам хонандагон васеъ истифода менамоянд.
Синфхонаҳо бо компютерҳои навтарин ва таҷҳизоти интерактивӣ низ таъмин гардидааст.
Раҳмон бо зикри он, ки “маориф самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат аст ва сармоягузорӣ ба он - сармоягузорӣ ба ояндаи кишвар мебошад”, ҳайати омӯзгоронро ба истифодаи хуби имконоти фароҳамшуда ва ба омода кардани кадрҳои дорои дониши баланд ҳидоят намудааст.
Манбаъ афзуда, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани машғулиятҳо ба муассиса омӯзгорони ҷавону ботаҷриба ҷалб гардидаанд.