ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Дар рӯзи аввали даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон иҷрои нақша дар ҷумҳурӣ 55% -ро ташкил дод.
Дар ин бора Вазорати дифоъи Тоҷкистон хабар додааст.
Бино ба гузориши манбаъ, дар нахустрӯзи даъват Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи пешбинигардидаро 101% иҷро намуд.
Дар баробари ВМКБ, шаҳри Норак, ноҳияҳои Вахш ва Балҷувони вилояти Хатлон ва Сагвор низ аввалин шуда аз иҷрои нақшаи даъват гузориш додаанд.
Қобили зикр аст, ки даъвату гусели шаҳрвандон ба артиш дар асоси фармони президент "Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 ба хизмати ҳарбӣ” ташкилу ба роҳ монда шудааст.
Феълан дар комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, комиссияҳои давлатии даъват таъсис дода шудаанд, ки давоми моҳҳои октябр ва ноябр даъвату гусели шаҳрвандонро ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ташкил менамоянд.
Бояд гуфт, ҳамасола дар Тоҷикистон шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола дар ду мавсим, аз ҷумла моҳҳои апрел-май ва октябр-ноябр ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда мешаванд.