ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои ҳаштумин бор нахустин шуда, нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро 101% фоиз иҷро намуд.
Дар ин бора, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки сокинони шаҳри Хоруғ бо баргузории роҳпаймоӣ ҷавонписарони синни даъватиро то боғи фарҳангию фароғатии шаҳр ҳамроҳӣ кардаанд.
Дар ин ҷо бо ширкати раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, масъулини идораву муассисаҳо, кормандони мақомот ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардидааст.
Соли ҳаштум аст, ки ҷавонони Бадахшон маъракаи даъвати баҳорию тирамоҳиро дар рӯзи аввал ҷамъбаст менамоянд.
Маросими гусели наваскарон бо барномаи фарҳангӣ ба анҷом расидааст.
Дар баробари ВМКБ навоҳии минтақаи Рашт ва ноҳияи Фархор низ нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи нахустин иҷро кардаанд.
Ҳамин тавр, бо иҷрои нақшаи даъват, аскароне, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2025 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда мешавад.
Дар Тоҷикистон ҷавононе, ки ба синни 18 расидаанд ва ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хидмати ҳарбиро надоранд, ба аскарӣ даъват мешаванд.