ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Нерӯҳои Русия дар вилояти Днепропетровск Вербовоеро таҳти назорат гирифтанд.
Дар ин бора, Вазорати дифоъи Русия хабар медиҳад.
"Қисмҳои гуруҳи қушунҳои "Восток" барои рахна кардани душман пеш рафта, деҳаи Вербовоеро озод карданд", — гуфта шудааст дар хабарнома.
Ин минтақа ғарбтар аз Степово, ки рӯзи шанбеи гузашта вазорати дифоъ аз озод шудани он хабар дод, воқеъ аст.
Ҳарду деҳа дар вилояти Днепропетровск, дар наздикии марз бо вилояти Запороже ҷойгиранд.
Нерӯҳои "Восток" инчунин ба ду бригадаи Украина дар наздикии Ново-рихоровка, Новомиколаивка ва Полтавкаи вилояти Запороже зарба заданд.
Талафоти Украина дар ин набардҳо чунин аст:
315 хизматчии ҳарбӣ;
мошини зиреҳпӯши ҷангӣ;
11 мошин.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.