ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Дар Душанбе таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, шаҳрдор Рустами Эмомалӣ иҷлосияи сеюм, даъвати ҳафтум баргузор шуд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки аъзои Маҷлиси миллӣ қарорҳои дахлдорро оид ба тасдиқи тартиби кор, интихоби котибот ва рӯзномаи иҷлосия иборат аз 42 масъала қабул намудаанд.
Зимни муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология хулосаҳои соҳавиро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда иброз доштаанд.
Ҳамчунин, масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия баррасӣ шудааст.
Пас аз муҳокимаи ҳамаҷонибаи аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ кардаанд.
Ҳамчунин, Маҷлиси миллии Тоҷикистон пешниҳодҳои раисҷумҳур барои таъйинот дар низоми додгоҳиро ҷонибдорӣ кардааст.
Ҳамин тавр, бо ҷонибдории палатаи болоии парлумон, Дилором Абдураҳимзода муовини раиси Суди конститутсионӣ ва Муҳаммадҷон Соҳибзода - судяи Суди конститутсионӣ интихоб шуданд.
Ҳотам Раҷабзода мақоми муовини раиси Суди Олии Тоҷикистон – раиси Коллегияи ҳарбӣ, Мавлудахон Мирзозода, Ҳусейн Баротзода, Ҷалолиддин Азизӣ, Манучеҳр Мирзозода, Хисрав Раҳимзода вазифаи судяи Суди Олии Тоҷикистонро гирифтанд.
Инчунин Саидалӣ Раҳмонзода ба вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодӣ ва Парвина Раҷабзода ба мақоми судяи Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон интихоб шуданд.
Дар идомаи иҷлосия аз рӯи пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон қарори Маҷлиси миллӣ дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини Дашти Ҳаштсари деҳоти Айнии ноҳияи Айнии вилояти Суғд ва иваз намудани номи он ба Ваҳдатобод қабул гардид.