ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко изҳор дошт, ки Минск ва Маскав бояд Тоҷикистонро барои пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) мутмаин кунанд.
"Ман чунин мефаҳмам, ки Тоҷикистон ҳанӯз барои пайвастан ба ИИАО омода нест? Михаил Владимирович [Мишустин], мо бояд ҳамтои худро ба навъе мутақоид кунем", - гуфт раисҷумҳури Белорус дар мулоқот бо сарони ҳайатҳои ҳукуматӣ дар Минск.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Вазири иқтисоди Тоҷикистон Завқӣ Завқизода, масъалаи пайвастани кишвар ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро шарҳ дода буд.
Ба гуфтаи оқои Завқизода узвияти Тоҷикистон дар ИИАО аз сӯи гурӯҳи кории байниидоравӣ баррасӣ мешавад.
"Масъалаи узвияти Тоҷикистон дар ИИАО дар баррасии гурӯҳи кории байниидоравӣ қарор дорад, ки ин масъаларо ҳамаҷониба таҳлил мекунад", - гуфт Завқизода.
Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони блоки иқтисодии ҳукумат, Вазорати адлия, гумрук ва Кумитаи андози Тоҷикистон бо назардошти вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ, тезутунд шудани вазъи геополитикии ҷаҳон ва дигар омилҳои беруна вазъро ҳамаҷониба таҳлил мекунад.
"Гурӯҳи корӣ ҳангоми таҳияи таҳлил таҷрибаи давлатҳои ин иттиҳодро ба инобат гирифта, бозёфт ва хулосаҳои худро пешниҳод хоҳад кард", - гуфт вазир.
Аммо, оқои Завқизода дар бораи замони дарёфти хулосаи комиссияи байниидоравӣ чизе нагуфта буд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 2015 самаранокии вуруд ба ИИАО-ро меомӯзад. Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти афзоиши ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё изҳори назар кардааст. Вай инчунин ба таҳкими муносибот дар дохили созмон таъкид намуд.
Дар миёнаҳои август вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфта буд, ки Душанбе барои қабули тасмим дар бораи пайвастан ба ИИАО таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад.
Вай таъкид кард, ки мақомоти ҷумҳурӣ ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ин созмонро дар мисоли Қирғизистону Арманистон баррасӣ мекунанд.