Чархаи “Панҷрӯд” дубора фаъол шуд: Сокинони як деҳаи Суғд аз мушкили бебарқӣ раҳо шуданд

Дар ҳоле, ин шабу рӯзҳо сокинони Тоҷикистон аз бебарқӣ ранҷ мекашанд, соҳибкоре дар Панҷакент нерӯгоҳ бунёд карда сокинони як деҳаро бо барқ таъмин кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 сен – Sputnik. Нерӯгоҳи обии барқии “Панҷрӯд” дар шаҳри Панҷакент, ки солҳо ба ин тараф аз кор бозмонда буд, бо талоши соҳибкори ин шаҳр дубора ба кор андохта шуд.
Баъди таъмир ва тармим ин нерӯгоҳ бо иқтидори 500 кВт соат фаъол гардида бо ин иқтидор манзилу коргоҳ ва кӯчаҳои ин деҳаи иборат аз 5 ҳазор нафарии ҷамоати Рӯдакии шаҳри Панҷакентро чароғон мекунад.
Мардон Насриддинов, соҳибкор ва бунёдгузори НОБ “Панҷрӯд” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин нерӯгоҳ имкон дорад, ки дар фаслҳои тирамоҳу зимистон, ки одатан барқрасонӣ дар шароити рустоҷойҳо мушкил мегардад, аҳолии як деҳаи Панҷакентро 24 соат бо барқ таъмин намояд.

“Мо ҳама мушкили барқрасонӣ дар кишварамонро дарк мекунем. Ин вазъ маро ҳамчун як соҳибкор водор намуд, ки “Панҷрӯд”-ро дубора фаъол намоем ва ба ин васила саҳми худро дар рӯшноии хонаҳои мардуми шарифи кишвар ва рушди соҳаи энергетика гузорем” – изҳор намуд, Насриддинов.

НОБ “Панҷрӯд” соли 2011 аз сӯи ин ва чанде дигар аз соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шуда дар соли 2016 бо фарсуда шудани қисмҳои эҳтиётӣ аз кор бозистод. Бо гузашти беш аз 8 сол ин нерӯгоҳ дубора фаъол карда шуд.
Вазири энергетика гуфт, барои чӣ НБО “Себзор” ба ВМКБ муҳим аст
Ҳарчанд ин нерӯгоҳ кӯчак аст, вале бо иқтидори он, як деҳаи бузурги кӯҳистон дар вилояти Суғдро комилан аз мушкили бебарқию торикӣ раҳо мегардонад.