ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Сайёҳон аз Тоҷикистон бештар Узбекистонро барои истироҳат интихоб мекунанд.
Дар ин бора Агентии миллии омори Узбекистон хабар додааст.
Ҳамин тариқ, дар ҳашт моҳи соли 2025 ҳудуди 1 миллиону 690 ҳазор нафар аз Тоҷикистон вориди кишвари ҳамсоя шудаанд.
Аз Қазоқистон ба Узбекистон 1,75 миллион нафар сафар кардааст.
Дар ҷойи аввал Қирғизистон ҷойгир шудааст, ки 2,1 миллион сайёҳи ин кишвар аз Узбекистон дидан кардаанд.
Қайд карда мешавад, ки аз Русия ба Узбакистон сайёҳон ба таври назаррас камтар ворид шудаанд - 663 ҳазор нафар.
Ба иттилои Агентӣ дар ҳамин ҳол, шумораи сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурии ҳамсоя нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49,1% зиёд шудааст.
Қаблан Оҷонси омори кишвар низ хабар дода буд, ки шаҳрвандони Узбекистон барои сайёҳат Тоҷикистонро интихоб мекунанд.
Дар нимсолаи аввали соли 2025 беш аз 527 ҳазор сокини ҷумҳурии ҳамсоя аз кишвар дидан кардаанд. Тибқи омор, ин тақрибан 57% шумораи умумии хориҷиёнро ташкил медиҳад.