ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои русаш Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттлои манбаъ, дар суҳбат сарони ду давлат масъалаҳои ҷории рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.
Ҳамчунин сарони ду давлат дар бораи ҷанбаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Сарони давлатҳо, ҳамчунин, ҷадвали мулоқотҳои сатҳи олии дарпешистода дар қолабҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки бори ахир Раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои русаш 1 сентябри соли равон дар Чин дидору мулоқот карда буд.
Дар он дидор роҳбарони ду кишвар масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин ду роҳбар доир ба натиҷаҳои ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай табодули афкор намуданд.
Инчунин Раҳмон ва Путин ба масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Тарафҳо асъалаҳои вобаста ба ҳамоишҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ баррасӣ намуданд.