ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ин масъаларо Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Конибодом дар як машварати корӣ бо роҳбарияти шаҳр, намояндагони сохторҳои дахлдор, фаъолон, роҳбарони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони корхонаҳои коркарди пахта баррасӣ намуд.
Дар оғоз ҷаласа Раҷаб Аҳмадзода бо мақсади ташкил ва ҳамоҳангсозии корҳо дар мавсими пахтачинӣ аз ҳисоби масъулини сохторҳои мақомоти Суғд шахсони масъул ба шаҳру ноҳияҳои пахтакор вобаста карда шудаанд.
Роҳбарияти шаҳр, раисони ҷамоатҳо, хоҷагиҳои деҳқониро вазифадор карда шуданд, ки тамоми имкониятҳоро истифода бурда, бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ ҳосили пахтаро пурра ҷамъоварӣ намоянд.
Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода дар ин ҷаласа қайд намуд, ки аҳолии касбу кори гуногун, фаъолони маҳаллаҳо, аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва кормандони сохторҳои гуногун дар ҷамъоварии пахта ба деҳқонон кумак расонда истодаанд.
Ҳамчунин дар ҷаласа масъалаи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти шаҳр бояд ба корҳои ободониву созандагӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шавад.
Ҳамзамон дастур дода шуд, ки барои бунёди кӯдакистонҳои наву замонавӣ, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои маориф, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, таъсиси корхонаҳои нав, таъмиру мумфарш намудани роҳу кӯчаҳо тадбирҳои иловагӣ андешида шавад.
Ҳамзамон, Раиси вилоят дар ҷаласа зарур донист, ки ба истифодаи оқилонаи обу замин бунёди боғу токзорҳои нав, гармхонаҳои замонавӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешрафтаи соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.
"Шаҳри Конибодом дорои зарфиятҳои фаровон аст ва истифодаи дурусти онҳо метавонад ба рушди ҳамаҷонибаи шаҳр мусоидат намояд”, - гуфт Аҳмадзода.
Ҳамчунин ба роҳбарияти шаҳр инчунин ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистон, дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳо дод.