Бозоргоҳҳои маҷозии ИИАО мехоҳанд ба бозори Эрон роҳ ёбанд

Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Эрон мехоҳанд тиҷорати мутақобилро дар тиҷорати электронӣ дар бозоргоҳҳои маҷозӣ (маркетплейс) тавсеа диҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 сен— Sputnik. Комиссияи иқтисодии АвруОсиё аз ҳамкориҳои эҳтимолии бозоргоҳҳои маҷозии кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва Эрон хабар дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё ахиран намояндагони Эрон ва ИИАО самтҳои ҳамкорӣ дар ин замина ва потенсиали ҳамгироии технологиро баррасӣ карданд.
"Кишварҳои ИИАО ва Эрон барои рушди ҳамкориҳо дар тиҷорати электронӣ, бо назардошти он, ки гардиши он дар ҳарду кишвар ҳамасола босуръат меафзояд, имкони назаррас доранд”, - қайд кардааст КИАО.
Сафири Русия ИИАО -ро яке аз марказҳои қудрати созанда хонд
Тавре муовини директори департаменти танзими гумрукӣ, тарифӣ ва ғайритарифии КИАО Аскат Беков қайд кард, ҳамкории тиҷоратӣ дар ин самт ба эҷоди фазои савдои бидуни монеа мусоидат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, гардиши мол миёни кишварҳои ИИАО ва Эрон аз аввали сол 16% афзоиш ёфтааст.