ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Мамнуъгоҳи биосферии "Ромит" дар Тоҷикистон ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО ворид карда шуд.
Чунин тасмим, зимни ҷаласаи 37-уми Шурои байналмилалии ҳамоҳангсозии Барномаи "Инсон ва биосфера" дар шаҳри Ханчжоуи Чин гирифта шудааст.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гузориш додааст.
"Воридшавии "Ромит" ба ин шабака инъикоси уҳдадориҳои Тоҷикистон дар самти рушди устувор, ҳифзи гуногунии биологӣ ва ҳамзистии мутаносиби инсон бо табиат мебошад", - омадааст дар хабарномаи ВУХ.
Мамнуъгоҳи биосферии "Ромит", ки дар минтақаи нодири экологӣ ҷойгир аст, бо гуногунии бойи биологӣ, мавҷудияти намудҳои эндемикӣ ва усулҳои анъанавии истифодабарии замин машҳур аст.
"Эътироф кардани "Ромит" ҳамчун намунаи муваффақ барои ҳифзи табиат бо дарназардошти ниёзҳои ҷомеаҳои маҳаллӣ ба дастгирии тадқиқоти илмӣ, маърифати экологӣ ва рушди устувори иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард", - таъкид кардааст ВУХ ҶТ.
Мамнӯгоҳи давлатии "Ромит" минтақаи махсус муҳофизатшавандаи Тоҷикистон мебошад. Он дар дараи хушманзараи Ромит, дар наздикии шаҳри Ваҳдат воеқъ буда, бо қарори ҳукумати ҶШС Тоҷикистон соли 1959 таъсис ёфтааст.
Дар минтақаи кӯҳсор олами набототи бой нигоҳ дошта мешавад, ки макони якчанд гиёҳҳои шифобахш мебошад. Фаунаи мамнуъгоҳ бузҳои куҳӣ, хуки ваҳшӣ ва дигар намудҳои ҳайвонот ва паррандаҳоро дарбар мегирад.
Яке аз комёбиҳои барҷастаи мамнуъгоҳ ба вуҷуд овардани саршумори сунъии оҳуи Бухоро мебошад.
Дараи Рамит минтаҳаи сайёҳӣ эълон карда шудааст. Дар он урдугоҳҳои бачагона мавҷуданд. Инчунин дар дохили мамнуъгоҳ дар деҳаи Калтуч чашмаи гарм чойгир аст, ки дар он барои муолиҷаи бемориҳои осоишгоҳ ташкил карда шудааст.