ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз авоили сол мизони ҳамлу нақли ҳама гуна васоили нақлия афзоиш ёфт. Дар ин бора Оҷонсии омори Тоҷикистон гузориш додааст.
Ба иттилои ин ниҳод, дар ҳашт моҳи соли 2025 дар Тоҷикистон ҳудуди 99 млн тонна бор интиқол дода шудааст, ки ин рақам дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли 2024 14,6% бештар будааст.
Ҳамин тавр, давоми моҳҳои январ то август нақлиёти автомобилӣ 93,8 млн тонна бор кашонд, ки ин 95% -и ҳаҷми умумии боркашониро ташкил медихад. Ин рақам аз аввали соли 2025 - 15,3% афзоиш ёфтааст.
Оҷонсии омори Тоҷикистон қайд кард, ки ҳаҷми бештари боркашонӣ дар ин давра ба вилояти Хатлон (38,9%) рост меояд. Вилояти Суғд аз рўи ҳаҷми боркашонӣ дар ҷойи дуюм бо 31,2% ва Душанбе (13,9%) дар ҷойи сеюм қарор гирифт.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз моҳи январ то моҳи август 1% бор кашонида шудааст.