Ифтитоҳи беморхонаи кӯдаконаи зидди сил ва мактаби замонавӣ: Эмомалӣ Раҳмон ба Ваҳдат рафт

Баробари сафари президенти Тоҷикистон ба шаҳри Ваҳдат, сокинони ин макон соҳиби беморхонаи нав ва дабистон шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат мактаб ва беморхонаи кӯдаконаи зидди силро ифтитоҳ кард.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии президент гузориш медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дабистони №152 дар ҳамкорӣ бо ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин бунёд гардидааст.
Мактаб аз се ошёна иборат буда, барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Сохтмони бино соли 2020 оғоз гардида, мутобиқ ба талаботи муосир дар масоҳати 4 ҳазору 447 метри мураббаъ бунёд шудааст.
Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд додааст. Дар муассисаи таълимӣ 140 омӯзгор бо кор таъмин гардидаанд.
Илова бар ин, муассисаи таълимӣ дар фасли зимистон тариқи буғхонаи алоҳидаи марказонидашуда бо гармӣ таъмин карда мешавад.
Ифтитоҳи мактаби нав дар шаҳри Ваҳдат
Кишвардор таваҷҷуҳи масъулини соҳаро ба истифодаи самарабахш аз имкониятҳои мавҷуда, омӯзиши илмҳои дақиқ, риёзӣ, технологияи иттилоотӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ҷалб намудааст.
Эмомалӣ Раҳмон ба Ховалинг сафар кард ва дархости Гулнигори Каримро иҷро намуд
Раҳмон таъкид карда, ки бунёди мактабҳои нав ва ворид намудани технологияи муосир барои омӯзиш ба таъмини имрӯзу фардои босаодати насли наврас равона шудааст.
"Аз ин лиҳоз, таълимгирандагонро зарур аст, ки бештар ба омӯзиши илму дониш машғул шаванд ва ворисони гузаштаи пурифтихори хеш бошанд", - таъкид кардааст президент.

Беморхонаи кӯдаконаи зидди сил

Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат ҳамчунин, бинои нави Беморхонаи кӯдаконаи зидди сил дар назди Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина”-ро мавриди истифода қарор дод.
Беморхонаи мазкур бо дастгирии Ҳукумат ва маблағгузории Бонки олмонии рушд бунёд гардидааст.
Детская противотуберкулезная больница в городе Вахдат
Гуфта мешавад, ки иншоот бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалии соҳаи тиб сохта шуда, дар он барои табобату муолиҷаи кӯдакони гирифтори бемории сил шароити мусоиду муосир фароҳам оварда шудааст.
Беорхонаро 100 бинокори маҳаллӣ бо маблағи 2 миллиону 595 ҳазору 274 евро сохтаанд.
Беморхона аз 2 ошёна иборат буда, дорои 50 кати хоб мебошад.
Детская противотуберкулезная больница в городе Вахдат
Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити беморхона таъкид намудаст, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи саломатии кӯдакон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дорад.