Аз истеҳсоли хишти пухта то гачкартон: Бунёди се корхонаи саноатӣ дар шаҳри Ваҳдат

Дар се корхона феълан 165 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуданд ва имкони афзун шудани ин шумора вуҷуд дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Дар шаҳри Ваҳдат се корхонаи нави саноатӣ ифтитоҳ шуд.
Корхонаҳо бо ширкати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба баҳрабардорӣ расиданд, гузориш медиҳад хадамоти матбуотии кишвардор.

Истеҳсоли хишт бо роботҳо

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Талант" аз ҷониби соҳибкор Муҳаммадӣ Қодирзода дар якҷоягӣ бо бародаронаш сохта шудааст.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 250 ҳазор дона хишти пухтаро ташкил менамояд.
Ин ягона корхонаи истеҳсоли хишт дар кишвар маҳсуб меёбад, ки бо болопӯши даврзананда таъмин аст, ки имкон медиҳад, фаъолияти иншооти саноатӣ дар 4 фасли сол ба роҳ монда шавад.
Раҳмон ифтитоҳи корхонаи навро дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати кишвар барои афзоиши истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, фарогирии сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва рушди саноат аз ҳисоби имкониятҳои табиӣ муҳим арзёбӣ кардааст.
Гуфта мешавад, ки татбиқи имтиёзҳо барои намояндагони бахши хусусӣ ҷиҳати ворид кардани таҷҳизоти муосире, ки дар як вақт чанд амалро иҷро мекунад, сабаб шудааст.
Аз ҷумла роботҳо ба фаъолияти мунтазам ва баланд шудани иқтидори истеҳсолии ин корхона мусоидат мекунад.
Барои истеҳсоли хишт, 3 намуди ашёми хом - хоки сафед, гили сурх ва хокаи ангишт истифода мешавад, ки маҳсулотро ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ месозад.
Раҳмон ба коргарону мутахассисон ва масъулини дахлдори соҳа таъкид намуда, ки корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизонӣ бояд бо сифати баланд анҷом дода шавад.
Феълан дар кишвар 160 корхонаи истеҳсолкунандаи хишти пухта мавҷуд аст.

ҶДММ Зиннат Гач

Иншоот дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи 35- умин солгарди Истиқлол аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорони ватанӣ бо роҳбарии Абдулҳафиз Раҳимов сохта шудааст.
Дар корхона бо истифода аз конҳои амалкунандаи шаҳри Ваҳдат гачкартон, ғуррагачҳо, ранг, намудҳои ширеши тахтасангҳои ба обу намнокӣ тобовар ва дигар молҳои ивазкунандаи воридот мутобиқ ба талаботи стандартҳои дохилу хориҷ истеҳсол карда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки 75% -и ашёи хом аз дохили кишвар дастрас мегардад.
ҶДММ Зиннат Гач бо тавлиди 14 номгӯи маҳсулот, аз ҷумлаи калонтарин корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Ваҳдат аст.
Сармоягузориву тиҷорат: Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз нассоҷӣ 3 млрд доллар фоида гирад?
Иқтидори лоиҳавӣ дар як сол 1 млн гачкартон ва 50 тонна маҳсулоти дигари сохтмониро ташкил менамояд.

Корхонаи Роял Бебӣ

Сеюмин иншооти саноатӣ дар шаҳри Ваҳдат аз ҷониби Раҳмон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид.
Корхона дар заминаи имтиёзу сабукиҳои давлат ба соҳибкорон бо ҷалби сармояи хориҷӣ сохта шудааст.
Хатҳои технологӣ аз хориҷи кишвар ворид шуда, маҳсулоти он бо шаклу андозаҳои гуногун ва мутобиқ ба стандартҳои аврупоӣ истеҳсол мешавад.
Иқтидори лоиҳавии корхона дар як моҳ истеҳсоли 6 миллиону 240 ҳазор ва дар як сол 75 миллион донаро ташкил медиҳад.
Ашёи хом аз хориҷи кишвар ворид шуда, дар анборҳо бо риояи талаботи санитарӣ нигаҳдорӣ мешавад.
Соҳибкорон ният доранд, ки ояндаи наздик истеҳсоли қисми зиёди ашёи хоми ин корхонаро дар дохили кишвар ба роҳ монанд.
Се иншооти саноатӣ: ҶДММ Талант, ҶДММ Зиннат Гач ва корхонаи Роял Беобӣ Тоҷикистон, ки дар шаҳри Ваҳдат ба афзоиши иқтидори истеҳсоли ватанӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар се корхона феълан 165 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуданд ва имкони афзун шудани ин шумора вуҷуд дорад.