Нахустин иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Қасри Вестминстери Лондон дар соли 1946 ифтитоҳ шуда буд, ки он замон 51 кишвар узви созмон буданд.
Чор сессияи минбаъда дар Квинс (як махаллаи шаҳри Нью-Йорк) барпо гардид. Яке аз хусусиятхои ба худ хоси мубоҳисаҳо тартиби нишастан аст, ки ҳар як сессия тағйир меёбад: ки дар қатори якум, дар тарафи рост менишинад, бо рохи қуръакашии Котиби Генералӣ муайян карда мешавад.
Масалан, дар давоми сессияи 80-ум Нигер аввал (ҳам дар толор ва ҳам дар кумитаҳои асосӣ), пас аз он ҳама кишварҳои дигар бо тартиби алифбои англисӣ менишинанд.
Ҳоло Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 193 кишвари ҷаҳонро дар бар мегирад, яъне дар ҷаласаҳои он ҳамасола беш аз 190 сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва вазирони корҳои хориҷӣ аз саросари ҷаҳон ширкат мекунанд.
Дар ин ҷо баҳсҳо, ки ба масъалахои асосии имрӯза дахл мекунанд ва қарорҳое қабул карда мешаванд, ки ба рафти таърих таъсир мерасонанд.
Дар баробари ҷиддияти томи созмон лаҳзаҳои хандаовар низ ҳастанд, ки онҳоро Sputnik Тоҷикистон дар гузориши аксӣ бароятон гирд овардааст.