ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ кард.
Раҳмон суҳбаташро аз ҳолати ноустувориву номуайянӣ дар ҷаҳон оғоз нуамуда, гуфт, ихтилофоти геосиёсӣ, талошҳои азнавсозии низоми муносибатҳои байналмилалӣ, мухолифату низоъҳо барои сулҳи пойдор таҳдидҳои ҷиддӣ эҷод кардаанд.
Раисиҷумҳур гуфт, дар чунин шароит нақши СММ ҳамчун минбари муколама, ҳамкорӣ ва таҳкими сулҳу амният дар ҷаҳон беш аз пеш аҳаммият пайдо мекунад.
Президент таҳкими ҳамкории баробарҳуқуқ миёни давлатҳои хурду бузургро ҳамчун иқдоми муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ кард.
Оташбас дар Ғазза ва кумак ба Афғонистон
Раҳмон мавқеи Тоҷикистонро дар масъалаи Фаластин таъкид кард.
Ӯ гуфт, сулҳи пойдор дар Ховари Миёна танҳо дар асоси татбиқи қатъномаҳои Созмони Милал ва формулаи "ду давлат" имконпазир аст.
Раҳмон ба зарурати ҳалли қазия танҳо тавассути музокирот ва роҳҳои дипломатӣ бо риояи ҳуқуқи байналмилалӣ, алалхусус муқаррароти Оинномаи СММ хотирнишон таъкид кард.
"Мо даъват мекунем, ки дар Ғазза оташбаси устувор барқарор ва дастрасии кумаки башардӯстона таъмин карда шавад", - гуфт ӯ.
Кишвардор афзуд, ки Тоҷикистон, ҳамчунин, ҷонибдори таъмини сулҳу субот, амнияти комил ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар Афғонистони ҳамсоя мебошад.
Раҳмон гуфт, Тоҷикистон омода аст, ба ин раванд мусоидат намояд.
Сармоягузорӣ ба давлатҳои рӯ ба тараққӣ қонеъкунанда нест
Президенти Тоҷикистон гуфт, Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 бо Ҳадафҳои Рушди Устувор комилан ҳамсадо аст.
Ӯ изҳори таассуф кард, ки давлатҳои рӯ ба тараққӣ, хусусан, кишварҳои кӯҳистонӣ ва маҳсур дар хушкӣ, дар роҳи дастрасӣ ба ин ҳадафҳо ба душвориҳо ва мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мебошанд.
"Кишварҳои осебпазир, зарурати андешидани чораҳои ҷиддиро ҷиҳати таъмини маблағгузорӣ ва беҳтар намудани дастрасӣ ба манбаъҳои молиявӣ эҳсос мекунанд. Бо вуҷуди талошҳои дастҷамъона дар ин ҷода, ҳаҷми маблағгузории ҷомеаи ҷаҳонӣ барои рушд ҳамоно талаботро қонеъ карда наметавонад", - такид кард Раҳмон.
Президент гуфт, чунин ҳолат вокуниши саривақтӣ, ҷудо намудани маблағи иловагӣ ва бознигарии равишҳоро вобаста ба низоми байналмилалии молиявӣ тақозо менамояд.
Тағйирёбии иқлим хатар ба Тоҷикистон
Раҳмон гуфт, тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон боиси эҷоди монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор гардидааст. Тоҷикистон, ки 93%-и ҳудудаш аз кӯҳистон иборат аст, аз пайомадҳои манфии ин раванд нигарон аст.
Ӯ гуфт, Тоҷикистон бар асари офатҳои табиии марбут ба об ҳамасола зарари ҷиддии моддӣ ва молиявӣ мебинад, ки боиси талафоти ҷонӣ ва аз байн рафтани инфрасохтори ҳаётан муҳим мегарданд.
"То имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки яке аз сарчашмаҳои асосии оби ошомиданӣ дар минтақа мебошад, зиёда аз як ҳазору сесад адади он пурра об шудааст ва суръати обшавии пиряхҳои мо дар ҳоли афзоиш қарор дорад", - гуфт Раҳмон.
Ин дар ҳолест, ки пиряхҳо ва дигар манбаъҳои оби Тоҷикистон то 60%-и захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд.
Раисиҷумҳур аз кишварҳои узв даъват кард, то дар кори чорабинии навбатии “Раванди оби Душанбе” - Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, ки соли оянда дар Тоҷикистон баргузор мегардад, ширкати фаъол дошта бошанд.
Пешниҳоди Раҳмон ба ҷаҳониён
Раҳмон бовар дорад, ки институтҳои қавӣ ва маърифати ҳуқуқӣ пояи ҷомеаи одилона ва устуворанд ва ба зарурати риояи қатъии қонунҳо таъкид намуд.
"Бо дарки амиқи ин воқеият Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад", пешниҳод кард Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ аз давлатҳои узв даъват намуд, ки ба ин ташаббус ҳамроҳ шаванд ва фарҳанги ҷаҳонии шаффофият ва адолатро тақвият бахшанд.
Сулҳ дар саросари ҷаҳон
Раҳмон таъкид кард, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳаллу фасли ҳамаи ихтилофоту низоъҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ мебошад.
"Як сол пеш ман аз ин минбар пешниҳод кардам, ки қатъномаи махсуси СММ оид ба эълони “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” баррасӣ карда шавад. Бо гузашти як сол масъалаи қабули чунин қатънома аҳаммияти боз ҳам бештар пайдо намудааст", - таъкид кард Раҳмон.
Президент бовар дорад, ки дар шароити пуртазоди дунёи имрӯза ташаббуси мазкур барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба хотири расидан ба сулҳи устувор шароит фароҳам хоҳад овард.