“Агар Амрико ба Багром баргардад...” – назари Зоҳир Ағбар

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон изҳороти Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар бораи бозгашти нерӯҳои амрикоӣ ба майдони ҳавоии Багромро шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Изҳороти Трамп дар Афғонистон ва маҳофили сиёсии ххориҷ аз он башиддат мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст.
Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, вогузории майдони ҳавоии низомии Багром ба Иёлоти Муттаҳида Амрико ба ҳар баҳонае қобили тавҷеҳ нест.
“Қабл аз ҳама ба ин хотир ки дар Афғонистон давлати қонуние, ки битавонад бо дар назар гирифтани ҳассосиятҳои геополитикии минтақа ва манофеъи роҳбурдии кишвар, ҳамоҳангии лозимро миёни манофеъи миллӣ, минтақаӣ ва байналмилалӣ эҷод кунад, вуҷуд надорад”, - гуфт Муҳаммад Зоҳир Ағбар.
Қаблан Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, тамоюли худро барои истиқрори муҷаддади ҳузури низомии Амрико дар пойгоҳи ҳавоии Багром дар Афғонистон эълом карда, аз ҷумла гуфт, ки агар Афғонистон пойгоҳи ҳавоии Багромро ба “онҳое, ки онро сохтаанд”, яъне Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пас надиҳад, иттифоқоти баде рух хоҳад дод.
Ҳушдори Маскав ба ИМА: Аз ҳар гуна иқдомҳои низомӣ худдорӣ кунед.
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, ин даъвоҳо наметавонад тасодуфӣ ё ногаҳонӣ бошад, балки тарҳе аз пеш барномарезишуда дар ростои манофеъи роҳбурдӣ ва геополитикии Амрико аст.
“Ба назар мерасад, Толибон* дар ин масир ба масобаи абзор дар назар гирифта шудаанд, чун ҳимояти молии ҳафтагии наздик ба ҳаштод миллион доллари Амрико аз онҳо маҳз ба ҳадафи сари по нигаҳ доштани ин гурӯҳи ларзон тайи чаҳор соли гузашта буд”, - гуфт Муҳаммад Зоҳир Ағбар.
Дар ҳамин ҳол, Қорӣ Фасеҳуддини Фитрат, сардори Ситоди кулли вазорати дифоъи Толибон*, дар вокуниш ба изҳороти раисҷумҳури Амрико гуфт, ки Толибон* "ҳатто як газ" замини худро ба касе вогузор нахоҳад кард. Дигар мақомоти Толибон* низ изҳороти мушобеҳе пахш карданд.
Дар шабакаҳои иҷтимоии Толибон* як маъракаи зиддиамрикоӣ ба роҳ андохта шудааст. Ҳатто мухолифини Толибон* низ аксаран аз Доналд Трамп пуштибонӣ накарданд.
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, ҳузури Амрико дар Багром мумкин аст манофеъи геополитикӣ ва роҳбурдии Вашингтонро таъмин кунад, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ ба суди мардуми Афғонистон ва минтақа нахоҳад буд.
“Агар Толибон* ин ҳузурро зомини бақои ҳокимияти худ бидонанд, аммо воқеиятҳо ва ҳассосиятҳо хилофи онро нишон медиҳад: бархе аз мардуми Афғонистон шояд аз сари норизоиятӣ аз Толибон* ҳузури Амрикоро ба таври муваққат истиқбол кунанд, аммо дар муқобил бахши бузурге аз мардуми Афғонистон ва минтақа вокуниш нишон хоҳанд дод, ки дар натиҷаи он рақобатҳо таҳрик ва ташдид шуда ва кишвар бори дигар ба майдони ҷангҳои дохилӣ ва набардҳои истихборотии хориҷӣ мубаддал хоҳад гардид”, - гуфт Муҳаммад Зоҳир Ағбар.
Толибон*: Кишварҳо чархболҳои Афғонистонро истирдод кунанд
Вай афзуд, Амрико ба ҷойи ин гуна тасмимҳо, агар дар ростои шаклгирии раванди сиёсӣ, эҷоди давлати фарогири қонунӣ ва таъмини субот дар Афғонистон кӯшиш кунад, натоиҷи мусбаттаре ба даст меомад.
“Барқарории амнияту субот дар Афғонистон вобаста ба иродаи мардуми озодихоҳ ва меҳандӯст, дар ҳамкории солим бо ҷомеаи байналмилалӣ муяссар аст, на бо фишорҳо ва аҳдофи ғаразварзонаи хориҷӣ ва ё гурӯҳҳои таҳмилӣ ва вобаста ба бегонагон”, - гуфт Муҳаммад Зоҳир Ағбар.
Пойгоҳи ҳавоии Багром як майдони ҳавоии низомӣ дар Афғонистон аст, ки дар вулусволии Багроми вилояти Парвон, қисмати шимолии шаҳри Кобул, пойтахти кишвар мавқеият дорад. Он аз сӯи Иттиҳоди Шӯравӣ эҷод шуда, солҳои 1979 ба 1989 пойгоҳи аслии низомӣ дар Афғонистон барои нерӯи ҳавоии Шӯравӣ маҳсуб мешуд.
Дар замони ҳузури Амрико дар Афғонистон аз соли 2006 то 2021 дар ихтиёри нерӯи ҳавоии Иёлоти Муттаҳида қарор дошт. Трамп дар мавриди “онҳое, ки онро сохтанд”, низ иштибоҳ мекунад.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти тҳримҳои СММ қарор дорад.