Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Қазон

Дар шаҳри Душанбе миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Қазони Русия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар бинои Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон байни намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва шаҳри Қазони Русия вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни дидору гуфтугӯ шартномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Қайд карда шудааст, ки зимни вохӯрӣ масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, омӯзиши таҷрибаи шаҳри Қазони Русия ва ҷалби сармоягузорӣ дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тарафҳо ҳамчунин самаранокии истифодаи беҳтарин таҷрибаҳои Русияро дар пешбурди соҳаи сайёҳӣ, бахусус дар самти беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ва рушди мубодилаи сайёҳон байни ду давлат баррасӣ намуданд.
Тоҷикистон дорои манотиқи зебои кӯҳистонӣ, иқтидори пурқудрати сайёҳӣ ва энергетикӣ мебошад.
Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо барои ҳамкории судманд ва мустаҳкам намудани дӯстӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ тавассути рушди сайёҳӣ ибрози ҳавасмандӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти Тоҷикистон чанде пеш эълом кард, ки ният дорад шумори гардишгарони русро то 2026 ба 500 ҳазор расонанд.
Бояд гуфт, ки солҳои ахир соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон фаъолона рушд карда, шумораи хориҷиён ба ҷумҳурӣ низ меафзояд. Аз Тоҷикистон бештар шаҳрвандони кишварҳои ИДМ боздид мекунанд.