Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Медведев мавқеъи Ғарб дар қиболи Русияро як хаёли ранга номид

Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфт, ки вакилони парлумони Аврупо то ҳол бовар доранд, ки Русия ба Ғарб таслим мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев гуфт, бархе аз вакилони порлумони Аврупо то ҳол дар бораи таслим шудани Русия ба Ғарб “хаёлҳои ранга” доранд.
Медведев дар шабакаи иҷтимоии Мax тарҳи конвенсия, ки заминаи механизми ҷубронпулӣ барои Украинаро, ки Шӯрои Аврупо таҳия кардааст, шарҳ дод.
"Дар ин замина тасаввуроти мансабдорони аврупоӣ аз стратосфера баландтар аст: Маскав, ба гуфтаи онҳо, дер ё зуд маҷбур хоҳад шуд, ки тавба кунад, "масъулиятро бар дӯш гирад" ва агар мехоҳад ба "оилаи аврупоӣ" баргардад, тамоми хароҷотро бар дӯш мегирад". Шарҳҳо дар ин ҷо нолозиманд”, - навиштааст Медведев.
Медведев Додгоҳи байналмилалии ҷиноиро "бадбахтии Гаага" ва намунаи "нокомии комил" номид
Оқои Медведев илова кард, ки маълум мешавад, ки онҳо то ҳол бовар доранд, ки Русия ба Ғарби дастаҷамъӣ таслим хоҳад шуд.
“Инҳо хаёлоти рангаи афроди дорои одатҳои обӣ ҳастанд", - афзуд ӯ.
Медведев таъхкид кард, ки гуфтан душвор аст, ки мақомоти Страсбург аз кадом моддаҳои галлюциногенӣ истифода мекунанд, аммо натиҷааш равшан аст.