ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корррупсии Тоҷикистон роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷайҳун дар давраи фаъолияти кориаш ба ҷинояти қаллобӣ даст задааст.
Ин ниҳод қайд мекунад, ки ин мансабдор дар вазифааш аз 19 декабри соли 2019 то 9 феврали соли 2024 кор мекардааст.
Қайд карда шудааст, ки ин мансабдор моҳи июни соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии як соҳибкор даромада, аз номбурда бо баҳонаи гирифта додани иҷозати мақомоти ноҳияи Ҷайҳун ва эҷод кардани монеа барои ивази қубурҳои обгузари фарсудашудаи ҳудуди деҳаи Сари пули Ҷамоати деҳоти Панҷи ҳамин ноҳия маблағи 245 ҳазор сомониро талаб карда гирифтаааст.
Қайд карда шудааст, маблағи зикршударо ин мансабдор ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардааст.
Дар ҳоли ҳозир ба иттилои Агентӣ нисбати ин мақомдори тоҷик парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудаааст.
Зикр гардидааст, ки бо андешидани чораҳои дахлдор зарари расонидашуда пурра барқарор карда шудааст.
Ҳоло парванди ҷиноятӣ ба суд ирсол гардид.