Раисҷумҳури Қазоқистон аз муфтии Тоҷикистон қадрдонӣ кард

Раисҷумҳури Қазоқистон ахиран дар Остона ба Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон медали фахрӣ тақдим кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомар Тоқаев Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ва муфтии Тоҷикистонро бо медали фахрии Анҷумани VIII пешвоҳои динӣ ва анъанавии ҷаҳон сарфароз гардонд.
Қайд карда шудааст, ки медал ба муфтии Тоҷикистон барои саҳми назаррас дар рушди муколамаи байни динҳо ва таҳкими сулҳ супорида шудааст.
Ҷоиза бо фармони раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар ҳошияи Анҷумани VIII пешвоҳои динӣ ва анъанавии ҷаҳон, ки 17 сентябр дар Остона ифтитоҳ ёфт, супурда шуд.
Муфтии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш, ки беш аз 700 намоянда аз 60 кишвари ҷаҳонро гирд овардааст, ширкат мекунад.
Муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода аз мардум даъват кард, ки дар иди Қурбон аз исрофкорӣ худдорӣ кунанд.
Миёни ширкаткунандагон намояндагони динҳои гуногуни ҷаҳонӣ, рӯҳониён, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ мебошанд.
Ин Анҷуман таҳти раёсати раисҷумҳури Қазоқистон ҷараён дорад.
Дар ин форум масъалаҳои ҳамкории байни динҳо, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ байни мардумон, саҳми муштарак ба сулҳу субот баррасӣ мешавнад.