Паҳподҳои зарбазану назоратӣ: Дар машқҳои СПАД чиро месанҷанд - аксҳо

Дар тамрингоҳи "Эдельвейс" машқҳои фармондеҳии СПАД бо нерӯҳои дастаҷамъии зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ "Рубеж-2025" идома доранд
Sputnik
1 / 12

Дар Қирғизистон машқҳои фармондеҳию ситодӣ бо нерӯҳои дастаҷамъии зудамали Осиёи Марказӣ оғоз шуд.

2 / 12

Машқҳо омодагӣ ва гузаронидани амалиёти ҷангӣ аз ҷониби нерӯҳои муштараки зудамал (НЗМ) барои нобудсозии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки ба қаламрави як кишвари узви СПАД ворид шудаанд, дар бар мегирад.

3 / 12

Дар тамринҳои "Рубеж-2025" қисмҳои низомии Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва гурӯҳҳои фаврии Ситоди муштарак ва котиботи СПАД ширкат доранд.

4 / 12

Машқҳо дар тамрингоҳи "Эдельвейс" баргузор мешаванд.

5 / 12

Дар маҷмӯъ ҳудуди 1200 нафар низомиён ва 500 воҳиди таҷҳизоти низомӣ ва вижа, аз ҷумла ҳавопаймоҳо, чархболҳо, паҳподҳо ва қаиқҳои ҷангӣ ба машқҳо ҷалб шудаанд.

6 / 12

Таҳти роҳбарии умумии Ситоди муштараки СПАД бо ҳайати Фармондеҳии НЗМ ҳамоҳангиҳои нерӯҳо гузаронида мешавад.

7 / 12

Сарбозони пойгоҳи низомии 201-и Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар ҳастанд, ба тасарруфи истгоҳҳо машғул буданд.

8 / 12

НЗМ Осиёи Марказӣ, ки соли 2001 таъсис ёфтааст, аз ҷузъу томҳои омодагии доимӣ иборат аст, ки бо системаҳои муосири силоҳ ва техникаи ҳарбӣ муҷаҳҳаз шудааст.

9 / 12

Вазифаҳои асосии НЗМ Осиёи Марказӣ рафъи ҳамлаи низомиёни беруна ва гузаронидани амалиёти муштараки зиддитеррористӣ мебошанд.

10 / 12

Зиреҳпуш дар марҳилаи фаъоли машқҳои фармондеҳии "Рубеж-2025".

11 / 12

Паҳподҳо дар марҳилаи фаъоли машқҳои фармондеҳии "Рубеж-2025" дар тамрингоҳи "Эдельвейс"-и Қирғизистон.

12 / 12

Низомиён дар машқҳои фармондеҳии "Рубеж-2025" бо Нерӯҳои зудамали Осиёи Марказӣ