Аз коҳиши муҳоҷират то интиқоли пул: БАОР дар гузориши ҷадидаш чӣ пешгӯи кард?

Муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон дар пайи тадриҷан коҳиш ёфтани тафовут байни маоши миёна дар ҷумҳурӣ ва Русия метавонад коҳиш ёбад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Дар ин бора дар гузориши ахири Бонки АвруОсиёии Рушд (БАОР) гуфта шудааст.
Ба иттилои ин Бонк ҳамчунин ба коҳиши муҳоҷират мизони таваллуд низ таъсир мерасонад.
Гуфта мешавад, пуле, ки шаҳрвандоне, ки дар хориҷ кор мекунанд, ба Тоҷикистон ирсол мекунанд, дар ҳоли ҳозир яке аз омилҳои аслии рушди иқтисоди кишвар маҳсуб мешавад.
"Дар соли 2024 даромадҳое, ки ба тавозуни пардохт ҳамчун "музди меҳнати кормандон" ва "интиқоли пул аз шахсони воқеӣ" дохил карда шудаанд, тақрибан нисфи ММД-и Тоҷикистонро (47,6%) ташкил доданд", - қайд кардааст ин Бонк
Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарони БАОР таъкид мекунанд, ки тайи 4-5 соли ахир маоши миёна дар Тоҷикистон ба маоши миёна дар Русия барои солҳои 2010-2024 наздик шудааст.
Тоҷикистон ва Томск дар соҳаи муҳоҷират ҳамкорӣ мекунанд.
Дар Тоҷикистон ин нишондод дар даҳсолаи ҷорӣ дар як сол 3-5 банди фоизӣ меафзояд.

"Бо мурури замон ин раванд боиси коҳиши назарраси тафовути музди меҳнат дар минтақа хоҳад шуд (ҳарчанд он комилан аз байн нахоҳад рафт). Коҳиши тафовути музди меҳнат боиси коҳишёбии муҳоҷирати меҳнатӣ байни кишварҳои узви БАОР мегардад", - омадааст дар гузориш.

Дар баробари ин, Тоҷикистон низ аз ҷиҳати демографӣ бо кишварҳои пешрафтаи минтақа наздик мешавад: масалан, шумори таваллуд ба ҳар 1000 нафар дар кишвар дар як сол ба ҳисоби миёна 1-2 кӯдак кам мешавад.
Мутахассисони бонк тахмин мезананд, ки бо суръати кунунии афзоиши маош дар Тоҷикистон ва сатҳи он дар 10 сол бештар аз 50% маоши миёнаи Русия хоҳад шуд.
Онҳо қайд мекунанд, ки вақте дар Арманистон маош ба ин дараҷа расид, саҳми интиқоли пул аз хориҷа дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишвар коҳиш ёфт. Паст кардани фишори демографӣ ба бозори меҳнат дар Тоҷикистон низ тақрибан 10 сол тӯл мекашад.
Мақомоти вилояти Суғд мохоҳад муҳоҷирати занонро коҳиш диҳад
Дар ин давра мизони таваллуд дар кишвар ба сатҳи хоси Арманистон мерасад. Ба гуфтаи таҳлилгарони БАОР, барои таъсири ин тағйироти демографӣ ба бозори меҳнати Тоҷикистон тақрибан 20 соли дигар лозим аст.
"Аз ин рӯ, нишонаҳои аввалини коҳиши устувори муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба хориҷ танҳо пас аз 10 сол дида мешавад. Дар тӯли 30 сол содироти қувваи корӣ аз кишвар комилан қатъ мешавад", - қайд кардаанд мутахассисони ин бонк.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои БАОР ҳаҷми интиқоли пул аз хориҷ ба Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2025 66% афзуда, ба 1,8 миллиард доллар расидааст.
Қаблан Хазинаи АвруОсиёии субот ва рушд дар шарҳи иқтисодиаш, ки тобистон нашр шуда буд, ки коҳиши тадриҷии суръати афзоиши ММД-и Тоҷикистонро аз 7,5% дар соли 2025 то ба 7,1% ва 6,7% дар солҳои 2026 ва 2027 пешбинӣ карда буд.