ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Давоми моҳҳои январ-июли соли 2025 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёнисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,4% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора, Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар дода, афзуд, ки ин омор ҳаҷми ҳосили хоҷагиҳои ҳамаи категорияҳоро фаро мегирад.
Афзоиш тақрибан дар ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳод мушоҳида шудааст:
Арманистон – 7,3%,
Қазоқистон – 3,7%,
Қирғизистон – 2,3%,
Русия - 1%.
Дар баробари ин дар ИИАО истехсоли тухм 0,4%, шир — 1,5% афзудааст.
Чанде пеш Комиссияи иқтисодии Авруосиё хабар дода буд, ки истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар кишварҳои ИИАО дар тӯли 10 сол 25,4% афзоиш ёфтааст.
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 136 млрд долларро ташкил дод.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.