ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Вазири хориҷаи ҳукумати Толибон* Амирхон Муттақӣ, бори дигар аз Узбекистон ва Тоҷикистони хост чархболҳои низомиро, ки дар ҷараёни суқути давлати пешини Афғонистон дар соли 2021 тавассути халабонони афғон ба ин кишварҳо мунтақил шуда буд, ба Афғонистон бозгардонанд.
Пеш аз ин Узбекистони гузоришҳо дарбора эҳтимоли истирдоди чархболҳои давлати собиқи Афғонистон ба Толибонро рад карда буд.
Муттақӣ дар дидор бо дипломатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар Кобул таъкид кард, ки ин чархболҳо бояд ба мардуми Афғонистон бозгардонда шавад то дар амалиётҳои башардӯстона мавриди истифода қарор гиранд.
Пештар, сухангӯии ҳукумати Толибон*, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, эълом карда буд, ки Узбекистон бо бозгардондани чанд чархбол мувофиқат кардааст, аммо сухангӯи вазорати хориҷаи Узбекистон, Аҳрор Бурҳонов, ин иддаоро “ахбори сохта” хонд ва таъкид кард, ки мавзеи Тошканд дар ин замина тағйире накардааст.
Бояд қайд кард, ки бозгардондани ҳавопаймоҳо ва чархболҳои низомӣ, ки дар замони суқути ҳукумати пешин ба Узбекистон ва Тоҷикистон мунтақил шуданд, аз хостаҳои мукаррари ҳукумати Толибон* дар чаҳор сол гузашта будааст.
Пас аз суқути ҳукумати пешин, дар маҷмӯи 46 ҳавопаймо ва чархболи низомии Афғонистон ба Узбекистон мунтақил шуд.
Расонаҳои Узбекистон гузориш доданд, ки ин кишвар ҳафт чархбол аз ин маҷмӯъаро ба ИМА таҳвил додааст.
Бахше аз дигари таҷҳизоти низомии Афғонистон низ ба Тоҷикистон мунтақил шуд, ки то кунун аз сарнавишти онҳо хабаре нест.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.