ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, кишварҳои аврупоӣ ба далели мавқеъи зидди русиягиашон бояд сари мизи музокира дар бораи Украина ҳузур надошта бошанд.
"Аврупо ба таври возеҳ кӯшиш мекунад, ки дар мизи музокирот ҷой пайдо кунад, бо мавқеъи реваншизм ва шикасти стратегӣ бар Русия, Аврупо бояд сари мизи музокирот ҷой надошта бошад", - гуфт ӯ дар мизи мудаввар оид ба ҳалли низоъ.
Оқои Лавров инчунин таъкид кард, ки раҳбарони аврупоӣ, ки масъалаи фиристодани нерӯҳо ба Украина ва аз минтақаи манъи парвоз ҷонибдорӣ мекунанд, чизе аз дасташон намеояд.
Вай гуфт, Киев бо эътироф ва рафъи сабабҳои аслии ин низоъ талош дорад, ки иқдомҳои Вашингтон дар ҳалли низоъро вайрон кунад.
Лавров афзуд, ки Украина ва Аврупо инчунин талош доранд, президенти ИМА Доналд Трампро водор созанд, ки аз талошҳояш барои сулҳ даст кашад.
"Аслан, ӯ (Володимир Зеленский) мехоҳад, пеши роҳи нерӯҳои солим дар Ғарб бигирад", - таъкид кард вазири хориҷаи Русия.
Оқои Лавров илова кард, ки ҷониби Украина арзёбии натоиҷи нишасти Аляскаро, ки фиристодаи вижаи Кохи Сафед Стив Уиткофф баён кардааст, рад мекунад.
Вазири хориҷаи Русия қайд кард, ки артиши кишвараш ҳеҷ гоҳ ба шаҳрвандон ё зерсохтори ғайринизомӣ ҳамла накардааст.
Ин дар ҳолест, ки СММ вайрон кардани қонунҳои башардӯстона аз сӯйи режими Киевро нодида ва аз ин кишвар мҳофизат мекунад.
Роҳбарияти СММ бештар бо рақибони Русия ҷонибдорӣ мекунад ва ба ин васила эътибори созмонро коста мекунад.