Оғози маъракаи қабул барои таҳсил ба донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон

Барои довталабони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия бузургтарин квотаҳо дар ҷаҳон – ҳазор ҷой ҷудо карда шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон қабули ҳуҷҷатҳо барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии Русия оғоз ёфт.
Дар ин бора намояндагии Россотрудничество хабар додааст.
Қабули довталабон дар доираи квотаи Ҳукумати Русия барои соли хониши 2026-2027 сурат мегирад.
Бақайдгирӣ дар сомонаи Education-in-russia.com боз шудааст.
Довталабон бояд:
то 15 декабр дар ин сомона худро сабти ном кунанд;
донишгоҳ ва барномаи дилхоҳро интихоб кунанд;
аризаро ба таври маҷозӣ пур кунанд (акс, нусхаи шиноснома ва ҳуҷҷати таҳсилот бояд замима шавад);
аз даври интихобӣ ба таври бояд гузарад;
ба донишгоҳ роҳхат гиранд.
Ҳамчунин, хатмкунандагон метавонанд ҳар рӯзи ҷумъа дар "Хонаи рус" дар Душанбе ё Хуҷанд дар бораи дохилшавӣ саволҳои худро матраҳ кунанд ва ба он посух бигиранд.
Қобили зикр аст, ки ҳоло дар донишгоҳҳои Русия беш аз 27,5 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд.
Таваҷҷӯҳи ҷавонони ИДМ ба таҳсил дар донишгоҳҳои Русия афзоиш ёфтааст
Дар баробари ин, аз рӯи квотаи давлатӣ барои соли таҳсили 2024-25 ҳазор ҷой ҷудо шудааст, ки нисбат ба пештара сад ҷой бештар аст.
Россотрудничество тавзеҳ додааст, ки донишгоҳҳои Русия барои довталабон аз Тоҷикистон бузургтарин квотаҳои таҳсилоти дар ҷаҳон - 1000 ҷой, ҷудо мекунанд.