Тоҷикистон аз қатъномаи СММ дар бораи таъсиси давлати Фаластин пуштибонӣ кард

Маҷмаи Умумии СММ "Эъломияи Ню-Йорк"-ро қабул кард, ки дар он ҳимоят аз истиқлоли Фаластин даъват мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Тоҷикистон аз қатъномаи Созмони Милал дар бораи таъсиси давлати Фаластин пуштибонӣ кард.
"Эъломияи Ню-Йорк"-и қабулшуда, ин натиҷаи конфронси байналмилалӣ буд, хабар медиҳад СММ.
Ба тарафдории ин санад 142 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистону Русия овоз дода, 10 кишвар, аз ҷумла Исроил ва Амрико мухолиф баромаданду 12 кишвари дигар бетараф монданд.
Бояд гуфт, ки дар ин эъломия оташбаси фаврӣ дар Ғазза, раҳоии ҳама гаравгонҳо ва таъсиси давлати тавоно ва соҳибихтиёр пешбинӣ шудааст.
Илова бар ин, он ҳамчунин ба халъи силоҳи Ҳамос ва кафолати амнияти дастаҷамъӣ даъват мекунад.
Тоҷикистон аз қатъномаи СММ дар бораи оташбас дар Ғазза ҳимоят мекунад
Ёдовар мешавем, ки моҳи июн Тоҷикистон аз қатъномаи СММ дар бораи оташбас дар Ғазза низ пуштибонӣ карда буд.
Он вақт ин санад даъват карда буд, ки "оташбаси фаврӣ ва доимӣ эълон шавад", қоидае, ки бояд аз ҷониби ҳамаи тарафҳо риоя мешуд.