Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Песков дар бораи мавқеъи Кремл оиди созиш бо Украина гуфт

Русия ҳамчунон омода аст, ки ҳалли мусолиматомези буҳрони Украинаро ҷустуҷӯ кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Русия омода аст, ки роҳи ҳалли мусолиматомези низоъ дар Украинаро пеш гирад.
Дар ин бора, Дмитрий Песков, котиби матбуотии президенти Русия гуфт.
"Ҷониби Русия омода аст, ки роҳи муколамаи сулҳомез ва ҷустуҷӯи мусолиматомез барои танзими онро идома диҳад", - гуфт Песков ба хабарнигорон.
Песков ҳамчунин аз таваққуф дар тамосҳои Маскав ва Киев дар сатҳи гурӯҳҳои музокиравӣ гуфт.
"Мо наметавонем айнакҳои гӯлобӣ пӯшем ва аз раванди музокира дар бораи Украина натиҷаҳои тезро интизор шавем", - гуфт котиби матбуотии президенти Русия.
Пештар Песков қайд кард, ки Русия омода аст, дар масъалаи ҳалли буҳрони Украина сареъ ҳаракат кунад, аммо барои Маскав чизи асосӣ расидан ба ҳадафҳои худ аст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Кремл: Русия омода аст барои ҳалли буҳрони Украина сареъ пеш равад
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Нерӯҳои гурӯҳи "Восток" зархаридони украиниро нобуд карданд
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.