Эмомалӣ Раҳмон ба Ховалинг сафар кард ва дархости Гулнигори Каримро иҷро намуд

Ҳанӯз соли 2020 ҷавондухтаре аз ноҳияи Ховалинг аз вазъи ногувори мактаби маҳаллӣ ба президент маълумот дод ва дасрхости таъмири онро карда буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва ошноӣ бо вазъи зиндагии мардум ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон сафар кард.
Бо ширкати президенти кишвар, дар ноҳияи Ховалинг 6 иншооти соҳаи маориф ифтитоҳ шуд, ки дар маҷмӯъ барои барои таҳсили беш аз 2600 нафар пешбинӣ шудаанд, гузориш медищад хадамоти матбуотии президент.
Яке аз ин мактабҳо, дабистони №31 воқеъ дар деҳаи Таги ҷари Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт мебошад, ки аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президент бунёд шудааст.
Бино аб гузориши манбаъ, ин мактаб дар асоси дархости ҷавондухтар Гулнигори Карим сохта шудааст.
Гулнигори Карим, соли 2020 зимни суҳбат бо раисиҷумҳур, аз вазъи ногувори бинои қаблии муассиса маълумот дода буд.
Аз ин рӯ Раҳмон барои дар муҳлати муайян сохта ба истифода додани иншооти нави соҳа ба масъулин дастуру супоришҳо дода буд ва имрӯз хушбахтона ин мушкил бартараф гардид.
Афзоиши табиии аҳолии Тоҷикистон дар даврони истиқлол 2,4%-ро дар як сол ташкил дод
Тибқи таҳлилҳо, шумораи хонандагон ҳамасола дар ноҳия зиёд мешавад. Аз ин рӯ, масъулон барои дар шароити хуб ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон чораҳои зарурӣ меандешанд.
Феълан дар ноҳияи Ховалинг 51 муассисаи таълимӣ, 1 гимназияи хусусӣ, 1 гимназияи давлатӣ ва 1 литсей- интернат бо фарогирии 13 ҳазору 464 хонанда фаъолият дорад.
Ҳамчунин президент Маркази варзишии сайёҳиро дар деҳаи Дараи Мухтор ба таври фосилавӣ ифтитоҳ кард.
Аксари мактабҳо ва аз ҷумла ин иншооти варзишӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохӣта шудаанд.