Консерти идона шомгоҳӣ дар ҳавои серуни Душанбе баргузор шуд.
Сокинону меҳмонони Душанбе дар майдони Истиқлол дар интизори консерти идона.
Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба таҷлили 34-солагии Истиқлоли Тоҷикистон, дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Парфишонии парчами давлатии Тоҷикистон дар дасти ҷавонон дар майдони Истиқлоли Душанбе.
Дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба 34-умин солгарди истиқлол, беҳтарин овозхонони кишвар ҳунарнамоӣ карданд.
Сокинони хурдсоли кишвар бо пироҳани зебои чакани тоҷикӣ, ки ҳар як дарзи рангини он нишона аз ҳунармандии мардуми тоҷик аст, ба тамошои консерт омадаанд.
Рӯзи саҳнаи майдони Истиқлол беҳтарин овозхонони кишвар ҳунарнамоӣ карданд.
Барномаи фарҳангӣ бо оташбозӣ ва мушакандозӣ анҷом ёфт.
Оташбозӣ дар фазои шаҳри зебои Душанбе ба таҷлили 34-умин солгарди Рӯзи истиқлол дар Душанбе хотима бахшид.