ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) таҳкими равобит бо Африқоро баррасӣ мекунад.
Дар ин бора муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук дар ҳошияи Форуми иқтисодии Шарқӣ (ФИШ) дар мусоҳиба бо РИА Новости изҳор дошт.
"Иттиҳоди АвруОсиё ба таҳкими робитаҳо бо Африқо нигаронида шудааст", - гуфт ӯ.
Дар баробари ин, муовини нахуствазир қайд кард, ки на танҳо ба созишномаҳои тиҷорати озод, балки ба риояи меъёрҳои иттиҳодия низ таваҷҷуҳ бояд кард.
Ҳамин тариқ, ҳаракати бемамониат аз риояи талаботи регламенту стандартҳои техникӣ низ вобаста аст, қайд кард Оверчук.
"Агар сухан дар бораи таҳвили молҳои воридотӣ ба бозори ИИАО меравад, ин маънои мутобиқати онҳо ба талаботи умумие, ки дар панҷ кишвари мо мавҷуд аст ва барои хубтар фаҳмидани ин, барои шарикони тиҷоратии мо ҳамкории зич бо ИИАО муфид аст", - хулоса кард ӯ.
Форуми иқтисодии шарқӣ (ФИШ-2024) рӯзи чаҳоршанбеи 3 сентябр дар кампуси Донишгоҳи федеролии Шарқи Дур дар ҷазираи Русскии Владивосток баргузор шуд ва барои даҳумин бор баргузор гардид.
Мавзуи асосии чорабинии имсола "Шарқи Дур — ҳамкорӣ барои сулҳу амонӣ" буд.