ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Дар бархе аз ноҳияву маҳалҳои шаҳри Хуҷанд интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад.
Дар ин бора, КВДК "Хуҷандобуканал" гузориш медиҳад.
Ҳаимн тавр, тибқи эълон сокинони маҳаллаҳои18, 19, 12, 13, 8, маҳаллаҳои “Бешкаппа” ва “80 солагии Душанбе”-и шаҳри Хуҷанд муваққатан беоб мемонанд.
Интиқоли об барои сокинони маҳаллаҳои болозикр рӯзи 6 - уми сентябр аз соати 9:00 қатъ мешавад.
Сабаби қатъ гардидани обрасонӣ, гузаронидани корҳои таъмирӣ дар зеристгоҳи “Нурофар” гуфта мешавад.
Манбаъ замони барқарории обрасониро дақиқ нагуфтааст ва танҳо зикр карда, ки то ба анҷом расидани корҳо дар Иншооти обдиҳии №4 ва 4 "А" қувваи барқ боздошта, интиқоли оби нӯшокӣ қатъ карда мешавад.
КВДК “Хуҷандобуканал" аз сокинон даъват карда, ки барои эҳтиёҷоти хеш обро захира намоянд.