ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Истеҳсоли матоъҳои техникӣ барои таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) умедбахш аст.
Дар ин бора Георгий Арзуманян, муовини мудири департаменти сиёсати саноатии Комиссияи иқтисодии Авруосиё изҳор дошт.
Иқтидори ин соҳа ва имконоти рушди он аз ҷониби иштирокчиён дар мизи мудаввари "Масъалаҳои мубрами рушди нассоҷии техникӣ, тамоюлҳо ва омилҳои афзоиш", ки дар доираи намоишгоҳи байналмилалии умумисоҳавии "Интерфабрик. Тирамоҳ-2025" баргузор гардид, баррасӣ шуданд.
"Барои арзёбии бозор таснифоти муфассали оморӣ ва гумрукии ҳама намуди молҳои марбут ба нассоҷии техникӣ лозим аст", - таъкид кард Арзуманян.
Тавре дар рафти муҳокимаҳо қайд гардид, иқтидори маҳсулоти нассоҷии техникӣ дар мавҷудияти захираҳои дохилӣ дар кишварҳои истеҳсолкунанда аз ҷиҳати таъмини нахҳои полиамидӣ ва полипропиленӣ мебошад.
Ба гуфтаи намояндаи Комиссия, ин истеҳсолот дар маҷмӯъ дар аксари кишварҳои ИИАО динамикаи мусбати афзоиш дорад.