Роҳандозии тартиби нави қайди муҳоҷиратӣ дар Маскав ва вилояти он

Мақомот Тоҷикистон ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҳушдор додааст, ки аз 1 сентябри соли равон қоидаҳои тартиби бақайдгирӣ муваққатӣ дар ҷойи зисти тағйир хоҳад ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабр додааст, ки аз 1 сентябри соли 2025 дар шаҳри Маскав ва вилояти он тартиби нави ба қайдгирии ҷойи зисти муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷие, ки бе раводид ба Русия ворид мешаванд, ҷорӣ карда мешавад.
Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки шаҳрандони Тоҷикистон, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба Русия меоянд вазифадоранд, ки худ ва аъзои оилаи худро бо тартиби нави қонунгузорӣ ба қайди зисти муваққатӣ гузоранд.
Намояндагӣ қайд кардааст, ки шаҳрвандони кишвар бояд барои дарёфти маълумот оид ба масъалаи мазкур ба Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратии шаҳри Москва “Сахарово” ё ба шӯъбаҳои ҳудудии Раёсати корҳои дохилии Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷиратӣ муроҷиат намоянд.
Аз 1 сентябри соли 2025 насби барномаи мобилии "Амина" барои шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Москва ва вилояти он ҳатмӣ гардида, барномаи мазкур барои сабти маълумотҳои рақамии шаҳрвандони хориҷӣ пешбинӣ карда шудааст.
Тоҷикистон ва Томск дар соҳаи муҳоҷират ҳамкорӣ мекунанд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки то давраи муайян дар шакли пешинаи ҳуҷҷатгузорӣ ҷойи зисти муваққатии худро ба қайд гирифтаанд, пас аз анҷоми ёфтани муҳлати қайди зист, тавассути барномаи мазкур ҷойи зисти худро аз нав ба қайд мегиранд.
Намояндагӣба муҳоҷирони кишвар ҳушдор додаанд, ки истифода накардани барномаи мазкур ва сабт накардани ҷойи зисти муваққатӣ тавассути ин барномаи мобилӣ, ҳамчун вайронкунии қоидаҳои муҳоҷиратӣ ҳисобида шуда, метавонад, боиси ҷавобгарии маъмурӣ, то ихроҷ аз ҳудуди Русия ва манъи воридшавии такрорӣ гардад.
Ин ниҳоди давлатӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия додааст, ки пешакӣ шароити иқоматро муайян намуда, тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ дошта бошанд ва дар ҳолати пайдо шудани саволҳо барои тавзеҳот ба Намояндагӣ ё ба шӯъбаҳои ҳудудии мақомоти муҳоҷиратии Русия муроҷиат намоянд.