ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз 1 сентябри соли равон дар макотиби Тоҷикистон низоми нави баҳогузорӣ ба дониши хонандагон дар сатҳи 10 хол ҷорӣ мешавад.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар хабар доданд.
"Низоми даҳ хола дар қариб тамоми манотиқи Тоҷикистон ҷорӣ мешавад", - таъкид карданд дар вазорат.
Дар ҳамин ҳол, вазорати маориф ва илм натавонистааст теъдоди дақиқи муассисаҳои таълимиро номбар кунад, ки дар онҳо омӯзгорон ба низоми нав мегузаранд.
Ёдовар мешавем, қи гузариш ба низоми даҳхола дар макотиби Тоҷикистон тайи чанд соли ахир матраҳ мешавад. Лоиҳаро Вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода дастгирӣ намуд.
Қаблан коршиносон гуфта буданд, ки гузариш ба низоми 10-хола имконият медиҳад, ки ба ҳар хонанда вобаста ба сатҳи воқеии дониш, малака ва фаҳмишаш баҳо гузошта шавад.
Ба таҳлили кормандони соҳаи маорифи Тоҷикистон, низоми 10-хола имконият медиҳад, ки таълим ба сӯи омӯзиши амиқ ва татбиқи дониш равона гардад.
Соли 2024 аллакай дар беш аз 140 муассисаи таълимии Тоҷикистон гузариши озмоишӣ ба низоми 10-хола амалӣ гардид.
Ин низом танҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат амалӣ карда мешавад. Дар донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон низоми 100-бала боқӣ мемонад.