Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Кохи Кремлин эҳтимоли музокироти Путин ва Зеленскийро шарҳ дод

Ба гуфтаи сухангӯи расмии раисҷумҳури Русия ҳар як нишаст бояд омодагии хуб дошта бошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин бар ин назар аст, ки ҳама гуна мулоқот бояд омодагии хуб дошта бошад, гуфт котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков.
Ҳамин тавр оқои Песков имкони мулоқоти раҳбари Русия Владимир Путин бо Владимир Зеленскийро чунин шарҳ дод.
Сухангӯи раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки музокирот сеҷониба миёни президенти Русия Владимир Путин, президенти ИМА Доналд Трамп ва Владимир Зеленскийро танҳо пас аз анҷоми музокироти судманд дар сатҳи ҳайатҳо, метавон оғоз кард.
"Аввал дар музокироти мустақим ду кишвар бояд натиҷае бирасанд. Баъд аз ин, агар чунин натиҷа ба даст ояд пас, албатта, дар бораи тамосҳо дар сатҳи олӣ (байни Путин, Трамп ва Зеленский) сӯҳбат кардан мумкин аст", - гуфт Песков.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Песков: Низоъ дар Украина аз ҷониби Русия барангехта нашудааст
Песков ёдовар шуд, ки Путин борҳо гуфта буд, ки аслан ҷонибдори тамос дар сатҳи олӣ аст.
Вай гуфт ки президент Путин борҳо гуфта буд, ки аслан мухолифи тамос дар сатҳи олӣ нест. Албатта, музокирот дар сатҳи олӣ талаботҳои худро доранд ва ба он бояд ҷонибҳо омода бошанд.