ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ахиран дар як маҷлисе қайд намуд, ки иммунизатсия бар зидди вируси папиломаи одам воситаи асосии пешгирии бемориҳои пеш аз саратонӣ, инчунин саратонигарданаки бачадон, ки яке аз бемориҳои асосии саратонӣ миёни занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ба шумор меравад.
Вай гуфт, ин беморӣ на танҳо барои ҳаёти занон хатарнок мебошад, инчунин дар бисёри ҳолатҳо ба вайроншавии солимии репродуктивӣ сабаб мегардад.
Масъулини вазорати тандурурстии кишвар қайд намуданд, ки ин вирус омили асосии пайдоиши саратони гарданаки бачадон буда, ин бемории саратонӣ дар Тоҷикистон дар байни бемориҳои саратонии занондар ҷои дуюм меистад.
Қайд карда шудааст, ки иммунизатсия бо истифода аз ваксинаи "Гардасил", гузаронида мешавад.
Тавре вазорати тандурустӣ қайд кардааст ин ваксина қариб 20 сол дар кишварҳои гуногун истифода мегардад ва дар ин муддат самарабахшии худро дар самти пешгирии навъҳои саратоновари вируси папиломаи инсон исбот кардааст.
Ваксинаи мазкур дар доираи иммунизатсияи нақшавӣ ба духтарони 10 сола ва дар соли аввали ворид намоии иммунизатсия ба тақвими миллӣ ба духтарони 11-14 сола тавсия дода мешавад.
Таъкид шудааст, ки сабаби фарогирии синну соли мазкур дар он аст, ки дар ин давра иммунизатсия хеле самарбахш буда, ҷавоби иммунии қавиро таъмин месозад.