Идомаи афзоиши ҳамлу нақли бор ва мусофиркашонӣ дар ИИАО

Дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё афзоиши ҳамлу нақли бор ва мусофиркашонӣ идома ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва мусофиркашонӣ идома ёфтааст.
Ба ин маълумотҳои оморӣ, ки Комиссияии иқтисодии АвруОсиё нашр кардааст, шаҳодат медиҳанд.
Дар шаш моҳи аввали соли 2025 (нисбат ба соли гузашта) ҳам гардиши умумии мусофирон дар саросари ИИАО (2,2%) ва ҳам як қатор нишондиҳандаҳои миллӣ афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тариқафзоиш дар Қазоқистон – 12%, дар Беларус – 6,7%, дар Қирғизистон – 5,1% ва дар Русия – 0,5%, ташкил дод.
Зимнан, дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии ҳамлу нақли бор дар иттиҳодия 0,8% афзуда, дар Қазоқистон (12,8%), Қирғизистон (11,1%) афзоиш ба қайд гирифта шудааст.
Вазир: Соҳибкорони ИИАО тамоми зарфиятро барои табодули технологияҳо доранд
Ёдовар мешавем, ки қаблан сардори Оҷонсии содироти Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода гуфта буд, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ҷумҳурӣ ба хориҷ метавонад аз 100 миллион доллар бештар бошад, дар сурате, ки агар содироти коло тавассути ИИАО сурат бигирад.
"Бисёре аз содироткунандагон ба хотири сарфаи боҷи гумрукӣ тавассути кишварҳои ИИАОмаҳсулоташонро ба хориҷ содирот мекунанд. Дар натиҷа, маҳсулоти Тоҷикистон ҳамчун моли яке аз кишварҳои ИИАО ба фурӯш гузошта мешавад", - шарҳ дод ӯ.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ҳар сол ба кишварҳои ИДМ бештар маҳсулот содир мекунад, аммо дар ин бора дар худи бозори ИДМ касе хабар надорад – на истеъмолкунанда ва на ҳатто худи харидор.
Воқеан ҳам содирот ба Русия ва дигар кишварҳо дар ҳоли афзоиш аст, аммо мушкил дар он аст, маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар бозорҳои кишварҳои мухталиф бо тамғаҳои кишварҳои дигар фурӯхта мешаванд.
Колоҳои Тоҷикистон бештар ҳамчун маҳсулоти кишварҳои ҳамсоя фурӯхта мешавад.