ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Дар ҳошияи сафари расмӣ дар Қазоқистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ бо Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев мулоқот кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти Рустами Эмомалӣ зимни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
“Аз ҷараёни рушди бемайлони тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои дӯстию ҳамкории пурсамари Тоҷикистону Қазоқистон, аз ҷумла густариши робитаҳои созандаи байнипарламентӣ изҳорт қаноатмандӣ карда шуд”, - хабар дод манбаъ.
Пас аз анҷоми мулоқот дар қасри Ақорда маросими сарфарозгардонии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо мукофоти давлатии Қазоқистон баргузор гардид.
Таъкид шудааст, ки барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон аз ҷумла, густариши муносибатҳои байнипарламентӣ Рустам Эмомалӣ бо Ордени Дустӣ дараҷаи 2 сарфароз гардонида шуд.
Мукофоти давлатиро ба Рустам Эмомалӣ Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев тақдим кард.
Вай аз саҳми арзандаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанберо дар густариши муносибатҳои неку ҳамсоягии ду кишвар таъкид намуд.
Ёдовар мешавем, ки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як сафари расмӣ ба пойтахти Қазоқистон сафар кард.