ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Зимни сафари қаблиаш раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Неругоҳи барқии обии Роғун дастур дода буд, ки дар моҳи августи соли 2025 сарбанди ин нерӯгоҳро ба сатҳи 1110 метр баланд бардоранд.
Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст, ба Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди ахираш ба НБО “Роғун” иттилоъ доданд, ки дар як соли хобонидани шағал дар призмаҳои такядевори болоӣ ва поёнии сарбанд ва мувофиқи технология қабат ба қабат хобонидани маводи гилхоку филтрҳо дар ядрои сарбанд то сатҳи 1105 метр аз сатҳи баҳр иҷро гардидааст.
Сохтмоничиён қайд карданд, ки дар муддати як сол сарбанд 70 метр баланд бардошта шуд.
© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана
Таъкид шудааст, ки дар минтақаи сарбанди неругоҳ давоми соли 2025 дар ҳаҷми 12,7 миллион метри мукааб ва дар маҷмуъ 33,7 миллион метри мукааб ҷинсҳои куҳӣ, шағал, гилхоки сангрезадор ва филтрҳои минтақаи гузариш хобонида шудааст, ки он 42,6 фоизи ҳаҷми лоиҳавиро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки сарбанди Неругоҳи барқии обии Роғун баландтарин сарбанди хокию сангӣ дар ҷаҳон буда, сатҳи болоии он дар баландии 1300 метр ва сатҳи поёнии он бошад дар баландии 965 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст.
Қайд карда шудааст, ки дар ҳоли ҳозир, дар минтақаи сарбанди Неругоҳи барқии обии Роғун кор ба таври шабонарӯзӣ дар ду баст ба роҳ монда шуда, ҳамарӯза зиёда аз 160 техникаю механизми пуриқтидор сафарбар карда мешаванд.
Таъкид карда шудааст, ки дар ин қитъаи сохтмонӣ дар баробари муҳандисону бинокорон геодезистон ва кӯҳнавардон низ шабонарӯзӣ фаъолият карда, барои бехатар гардонидани қитъаҳои сохтмонӣ бо симбандии ёнаҳои кӯҳ машғуланд.
Зимни боздид аз Неругоҳи барқии обии Роғун Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.