Толибон* ба Тоҷикистон ройзани вижа дар умури ҳамлу нақл мансуб кард

Ҳукумати феълии Афғонистон дар симои Толибон* барои 5 кишвари ҳамсоя ройзани вижа дар умури ҳамлу нақл мансуб кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Вазорати ҳамлу нақли ҳукумати Толибон* аз истиқрори ройзанҳои таробарӣ дар Узбекистон, Эрон, Покистон, Туркманистон ва Тоҷикистон барои рафъи мавонеъи тронзитӣ ва тақвияти дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ хабар дод, иттилоъ додааст хабаргузории “iraf.ir”.
Ба иттилои вазорати ҳамлу нақли Толибон* ҳадафи ин иқдоми беҳбуди пайвандҳои тиҷорӣ ва тасҳили хадамот барои шаҳрвандони Афғонистон мебошад.
Тавре ин манбаъ қайд кардааст, Афғонистон ба далели вобастагии шадид ба масирҳои заминии кишварҳои ҳаммарз барои воридот ва содирот, ба ҳамкориҳои минтақаӣ ва тавсеаи даҳлезҳои тиҷорӣ ниёз дорад то бозаргонони Афғонистон ба бозорҳои ҷаҳонӣ муттасил шаванд.
Қайд карда шудааст, ки маъмурияти аслии ин ройзанҳо рафъи мавонеъи тронзитӣ, пуштибонӣ аз рушди содироту густариши дастрасии Афғонистон ба бозорҳои байналмилалӣ аст.
Тоҷикистон ба Афғонистон сӯзишвории пастсифат содир кардааст: Толибон* онро гардонданд
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар дод, ки Додугирифти Тоҷикистону Афғонистон дар ним соли равон 1,5 миллион доллар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камтар шудааст.
Ба иттилои ҳамин ниҳод Тоҷикистону Афғонистон дар нимсола ба маблағи 44,5 млн доллар додугирифт доштаанд.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми содирот ба Афғонистон қариби 35,8 млн доллар ва воридот аз он 8,7 млн долларро ташкил додааст.
Дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2024 воридот аз Афғонистон афзоиш ёфта, содироти коло кам шудааст, бармеояд аз омори мақомоти тоҷик.
Дар ҳамин ҳол ба иттилои Хадамоти гумруки кишвар дар ним сол ба маблағи қариб 20 млн доллар ба Афғонистон барқ фурӯхтааст.
Ин дар муқоиса бо шашмоҳаи аввали соли гузашта камтар мебошад, бармеояд аз омори мақомоти Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ба Афғонистон умдатан маҳсулоти саноатӣ, назири семент, ангишт, нуриҳои минералӣ ва барқ содир мекунад.
Узбекистон барои лоиҳаҳои энергетикии Афғонистон ва сохтмони хатти интиқоли барқ 243 млн доллар сармоягузорӣ мекунад.
Як ҳиссаи хурди онро ҳамчунин ба маҳсулоти кишоварзӣ - сабзавоту мева рост меояд.
Содироти барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон фақат ба “Барқи тоҷик” рабт мегирад ва барқе, ки аз сӯи “Помир энерҷи” ба вилояти Бадахшони Афғонистон интиқол меёбад, дар гузоришҳои расмӣ сабт намешавад.
Содироти нерӯи барқ ба ширкати "Брешно" (Афғонистон) тавассути ду хатти барқии 220 квт ва як хати барқии 110 квт амалӣ мегардад.
Бояд гуфт, ки дар соли 2022 ҷониби Афғонистон барои ҳар кВт/соат 4,67 сент пардохт кардааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран ба иттилои расонаи "Курсиф" Кобул ва Тошканд қарордодҳо ба арзиши ҳудуди 243 миллион доллар барои иҷрои чаҳор лоиҳаи бузурги зербиноӣ дар бахши барқ имзо кардаанд, ки метавонад илова бар тақвияти равобити иқтисодӣ, бар суботи энергетикии Афғонистон низ таъсири мусбати бигузорад.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.