Ашимбаев: Тоҷикистон шарики муҳими стратегӣ ва боэтимоди Қазоқистон аст

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо ҳамтои қазоқаш дурнамои муносибатҳои дуҷониба, робитаҳои байнипарламентиро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Дар доираи сафари расмии ба Қазоқистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот анҷом доданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Рустам Эмомалӣ зимни мулоқоти хосаи роҳбарони палатаҳои болоии парламентҳо ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои парламентии ду кишвар ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, робитаҳои байнипарламентӣ, инчунин, масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои дафтари матбуоти Сенати Парламенти Қазоқистон Маулен Ашимбаев дар ин дидор таъкид кардааст, ки Тоҷикистон шарики муҳими стратегӣ ва боэътимоди Қазоқистон аст.
Вай қайд кард, ки ҳоло миёни кишварҳо дар ҳама сатҳҳо робитаҳои зичи сиёсӣ барқарор гардида, ҳамкориҳои иқтисодӣ фаъолона инкишоф ва робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ таҳким ёфтаанд.
“Вазифаи асосии мо мусоидат ба татбиқи босамари ҳама тавофуқҳои дар сатҳи сарони давлатҳо ҳосилшуда мебошад", — гуфт Маулен Ашимбаев.
Дар ин дидор ҳамчунин корҳои муштарак дар чаҳорчӯби татбиқи "Харитаи роҳ оид ба ҳамкориҳои дуҷониба", ки дар ҷаласаи Комиссияи доимӣ дар Душанбе ба имзо расида буд, ки доираи васеи масоил, аз ҷумла рушди ҳамкориҳои байниминтақавиро дар бар мегирад, баррасӣ шуданд.
Манбаъ қайд кардааст, ки зимни суҳбат ҷонибҳо аҳамияти роҳандозии муколамаи созандаро дар тамоми самтҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба қайд намуданд.
Диккати аввалиндараҷа ба зарурати муттаҳидсозии талошҳо барои рафъи мушкилоти экологӣ дода шуд.
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамлу нақл тариқи роҳи оҳанро инкишоф медиҳанд.
Тарафҳо ҳамчунин мусоидат ба ҳалли масъалаҳои марбут ба таъмини об – тадбирҳои мушаххаси ҳамкориҳо, кори муштарак дар доираи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба рушди механизми ҳамкории мутақобилан судманди обу энергетикаро баррасӣ карданд.
Рустами Эмомалӣ дар ин дидор аз ҷанбаҳои мусбати ҳамкориҳои Қазоқистону Тоҷикистон дар сатҳи байнипарлумонӣ ва минтақавиро қайд намудааст.
Вай дар ин дидор ба таҳкими ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳои муҳим ҳавасмандӣ изҳор намуд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 26 август Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ бо мақсади анҷом додани сафари расмӣ ба шаҳри Остонаи Қазоқистон сафар кард.